5 ноябри соли 2019 мулоқоти Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Муовини Сарвазир, Вазир оид ба корҳои раёсати ҷумҳурии Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Мансур бин Зойид Оли Наҳён баргузор гардид.
Зимни мулокот тақвият ва густариши хамкорихо миёни ду кишвар таъкид гардида, доираи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, инчунин илму маориф ва башрдӯстона, ҷалби сармоя ба соҳаҳои зикргардида, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифт.