6 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Раёсати Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфедератсияи Швейтсарияро ба ҳайси яке аз шарикони муҳим ва боэътимоди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ карда, аз сатҳу мӯҳтавои ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ ва молия изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкории бонкию молиявии ду кишвар, такмили низоми бонкӣ, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, кӯмакҳои техникӣ ва машваратӣ, идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва бозомӯзии кормандонро дар доираи ниҳодҳои молиявии Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (СЕКО) муҳокима карданд.
Вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ баҳри мусоидат кардан ба рушди иқтисод, зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки ниҳодҳои молиявӣ ва сармоягузории Швейтсария имкон доранд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ ва энергетикии Тоҷикистон, таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, босамар намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди пахта, пашм, пилла, сабзавоту меваҷот, фаъолона иштирок намоянд.
Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.