Эълон оид ба қайдгирии намояндагони ВАО барои инъикоси Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои Осиёи Марказӣ

17.10.2014 19:04

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии  намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии Нахустин анҷумани сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ барои Осиёи Марказӣ, ки 27-28 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, оғоз намуд.

Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пӯшиши иттилоотии анҷумани мазкурро доранд, бояд ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тел. 221-43-69, e-mail: informdepartment@mfa.tj) муроҷиат карда, маводҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1. Ному насаби пурраи намояндаи ВАО;
2. Номи ВАО, кишвар ва вазифа;

Бояд қайд намуд, ки баъди бақайдгирӣ бейджҳои номӣ ба намояндагони ВАО бо мақсади ворид шудан ва кор дар ҷойҳои баргузории анҷумани мазкур супорида мешаванд.

Муроҷиати намояндагони ВАО ҷиҳати бақайдгирӣ то 16:00 22 октябри соли 2014 қабул мегардад.

Нигористон

Тақвим