Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ

16.11.2019 11:29

15 ноябри 2019 дар Тошканд ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд.

Дар мулоқот масоили мавҷудаи рушди минтақа, самтҳои мухталифи ҳамкориҳои минбаъда ва дигар масъалаҳои муҳимми мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ инчунин мавзӯъҳои Мулоқоти машваратии дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро, ки охири моҳи ноябр дар Тошканд баргузор мешавад, баррасӣ карданд. Дар чорабинии мазкур бо иштироки сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди зерсохтори нақлиёт, ҳамкориҳои илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ хоҳанд шуд.

MO-TIV-16-11-2019-1136.jpg

 

Нигористон

Тақвим