Вохўрии Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Комиссари Аврупо оид ба рушд

18.10.2014 13:18

17 октябри соли 2014 дар ш.Брюссел дар бинои Комиссияи Аврупо вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо Комиссари Аврупо оид  ба рушд Андрис Пибалгс баргузор гардид.

Зимни вохўрӣ масъалаҳои мубрами дуҷониба, аз ҷумла татбиқи Барномаи бисёрсолаи индикативӣ барои солҳои 2014-2020 мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ҳамчунин зарурати вусъат додани ҳамкориҳо дар самти эҳёи иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон, таҳкими сарҳад, мубориза бо терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир таъкид гардид.

Нигористон

Тақвим