Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии фарҳангӣ

18.11.2019 15:41

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Абу Забӣ ва Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай бо дастгирии тоҷикони фаъоли Амороти Муттаҳидаи Арабӣ 15 ноябри 2019 дар шаҳри Дубай дар Намоишгоҳи байналмилалии ягонагӣ, ки бахшида ба Соли раводорӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон се ғурфа ҷудо гардид, ки дар он фаровардаҳои ҳунарҳои мардумии тоҷикӣ, кундалу сӯзанӣ, чакану зардӯзӣ ва дигар мусаввараҳои дастӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Дар доираи чорабинӣ инчунин маросими дарахтшинонӣ баргузор гардид, ки дар он аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду дарахти раводорӣ шинонданд.

IMG-20191117-WA0037-18-11-2019-1540.jpg

Нигористон

Тақвим