20 ноябри 2019 дар Душанбе Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Гузал Аъзам Саркор нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ супорид.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Бангладеш, ба хусус роҳҳои татбиқи тавофуқҳои ҳосилшуда дар музокироти сатҳи олии ду кишвар, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе сурат гирифт, табодули назар карданд.
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири нави Бангладеш дар фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон орзуи комравоӣ намуд.