12 январи 2020 дар Дубай вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Абдураҳмон бо Мудири кулли ширкати Флай Дубай Ғайс ал-Ғайс баргузор гардид.
Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти хидматрасонии нақлиёти ҳавоӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба Тоҷикистон суҳбат намуда, барои мусоидат дар рушди ҳамкориҳои минбаъда изҳори омодагӣ карданд.