Супоридани нусхаи эътимоднома

01.02.2020 10:41

31 январи 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода нусхаи эътимодномаро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков супорид.

Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Сафирро бо таъйин шуданаш ба вазифаи пурмасъул табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи  рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муваффақият таманно кард.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадиро баррасӣ намуда, нақшаҳоро барои ояндаи наздик муайян карданд.

0107-01-02-2020-1039.jpg

Нигористон

Тақвим