Мулоқот бо Вазири энергетика ва саноати АМА

05.02.2020 15:02

4 феврали 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Баҳодур Шарифӣ бо Вазири энергетика ва саноати АМА Суҳайл ал-Мазруӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот доираи васеи масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва ҳавопаймоӣ, инчунин абзору василаҳои тавсеаи он ҳамкориҳо муҳокима шуданд. Илова ба ин, тавофуқҳои бадастомада дар мулоқоти сатҳи баланд, ки 5 ноябри 2019 дар Абу Забӣ баргузор гардид, баррасӣ шуданд.

 

Нигористон

Тақвим