Иштироки Тоҷикистон дар чорабинӣ таҳти унвони “Имкониятҳои тиҷоратии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ”

07.02.2020 13:40

31 январи 2020 дар Лондон бо ташаббуси Вазорати тиҷорати байналмилалии Британияи Кабир чорабинӣ бо мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии Британияи Кабир зери унвони “Имкониятҳои тиҷоратии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур Сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Масуд Халифазода дар робита ба иқтидор ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои авлавиятноки иқтисоли миллӣ, аз ҷумла саҳаҳои энергетика, саноат, тиҷорат, маъдани куҳӣ ва сайёҳӣ, инчунин заминаи мусоиди ҳуқуқии сармоягузорӣ суханронӣ намуда, баргузории якумин Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузориро миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир, ки 22 апрели 2020 дар назар аст, эълон кард.

IMG-20200203-WA0026-07-02-2020-1409.jpg

 

Нигористон

Тақвим