Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо донишҷӯёни тоҷик дар Малайзия

07.02.2020 16:04

6 феврали 2020 дар доираи сафари расмӣ ба Малайзия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Куала Лумпур вохӯрӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ оид ба дастовардҳои солҳои ахири Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт, обу энергетика, саноат, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маълумот дода, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳамчун мутахассиони бо маълумоти сатҳи байналмилалӣ дар пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.

Аз ҷумла қайд намуд, ки соли 2020 барои ояндаи Тоҷикистон ва мардуми он соли муҳим маҳсуб мешавад. Аввали моҳи март интихоботи вакилони парлумони Тоҷикистон ва охири соли 2020 интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Вазир ба донишҷӯён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Малайзия таҳсилу фаъолият менамоянд, муроҷият карда, изҳор дошт, ки тамоми шаҳрвандони Точикистон дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ва тақдирсоз бояд бо ҳисси баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ фаъолона иштирок намоянд.

IMG-20200207-WA0023-07-02-2020-1602.jpg

Нигористон

Тақвим