Дар доираи сафари расмӣ ба Малайзия Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо соҳибкорон ва тоҷирони шаҳри Мелака мулоқот намуд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки Малайзия сангҳои ороишӣ ва қиматбаҳоро аз чанд кишвари дунё ворид месозад. Тамоми анвои сангҳое, ки мавриди истифодаи соҳибкорони Малайзия қарор мегирад, захираҳои калони он дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Аз ин рӯ, соҳибкорони малайзӣ ба сангҳои Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд.
Ғайр аз ин, мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо тарроҳон ва барномасозони ширкати “Tasstech” оид ба фанновариҳои нави сабти рафту омади сайёҳони хориҷӣ ба кишвар мулоқот намуд. Таъкид гардид, ки низоми нави фанноварии сабти сайёҳон имконият медиҳад, ки сайёҳон дар бораи хатсайр, хидматрасониҳо, мавзеъҳои саёҳатӣ ва инчунин таъмини амният маълумоти пурра гирифта тавонанд.
Тасмим гирифта шуд, ки табодули сафари ҷонибҳо барои татбиқи барномаи мазкур сурат гирад.