9 феврали 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Баҳодур Шарифӣ бо Мудири кулли Мақомоти стандартизатсия ва метрологияи АМА (ESMA) Абдуллоҳ Абдулқодир ал-Маинӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот доираи васеи масоили марбут ба бунёди заминаи ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, инчунин имконияти мубодилаи маълумот миёни мақомоти дахлдори ду кишвар роҷеъ ба талаботи фаннӣ ва меъёрии воридоти маҳсулот ба бозорҳои АМА ва кишварҳои Халиҷи Форс баррасӣ шуданд.