9-10 феврали 2020 дар Аммон нишасти 11-уми ҳайати роҳбарикунандаи Шабакаи байниисломӣ доир ба рушд ва мудирияти захираҳои обӣ баргузор гардид. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода дар нишасти мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.
Бо таваҷҷуҳ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираҳои обӣ, ки ба пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори захираҳои об саҳм мегузорад, Сафири Тоҷикистон зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфакоронаи онро таъкид намуд.