11 феврали 2020 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Баҳодур Шарифӣ бо Мудири кулли Муассисаи хайриявӣ ва башардӯстонаи Зойид бин Султон Оли Наҳайён Ҳамад Солим ал-Омирӣ доир гардид.
Дар мулоқот масоили марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ, абзорҳои тавсеаи ҳамкорӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди зерсохтори зарурӣ дар ин самт баррасӣ шуданд.