Баррасии равобити илмиву фарҳангӣ дар Теҳрон

15.02.2020 12:27

13 феврали 2020 дар Теҳрон вохӯрии Сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Ноиби Раиси Ҷумҳурӣ, Раиси Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон Ашрафи Бруҷердӣ баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо доир ба фароҳам овардани имконоти дастрасии олимону донишмандони ду кишвар ба захоири китобҳои рақамӣ ва дастнависҳои мавҷуда, истифода аз асноди бойгонӣ дар пажӯҳишҳои таърихиву фарҳангӣ ва табодули таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар изҳори назар намуданд.

Дар фарҷом, ҷонибҳо роҳандозии ҳамкориҳо миёни мақомоти бойгонӣ ва китобхонаҳои миллии ду кишварро  ба нафъи равобити дуҷонибаи илмиву фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.

baroi-somona-kitobkhona-IMG-20200214-WA0000-15-02-2020-1226.jpg

 

Нигористон

Тақвим