Мулоқот бо Вазири тағйирёбии иқлим ва муҳити зисти АМА

18.02.2020 15:50

17 феврали 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Баҳодур Шарифӣ бо Вазири тағйирёбии иқлим ва муҳити зисти АМА Сонӣ бин Аҳмад ал-Зиюдӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тағйирёбии иқлим, муҳити зист, кишоварзӣ, иқтисод, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Нигористон

Тақвим