29 феврали 2020 дар Давҳа дар доираи сафари корӣ ба Давлати Қатар Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад ибни Абдураҳмон Оли Сонӣ мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо аҳаммияти идомаи минбаъдаи тамосҳо ва ҳамоҳангии иқдомҳо миёни ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишварро дар амалисозии тавофуқҳои байни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ҳосилшуда таъкид карданд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.