14 ноябри соли 2014 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земанро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25-27 ноябри соли ҷорӣ сурат хоҳад гирифт, оғоз намуд.
Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пӯшиши иттилоотии сафари мазкурро доранд, бояд ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тел. 221-43-69, e-mail: informdepartment@mfa.tj) муроҷиат карда, маълумотҳои зеринро пешниҳод намоянд:
1. Ному насаби пурраи намояндаи ВАО;
2. Номи ВАО, кишвар ва вазифа;
3. Суроғаи почтаи электронӣ.
Муроҷиати намояндагони ВАО барои аккредитатсия то соати 16:00 20 ноябри соли 2014 қабул мегардад.
Қайд менамоем, ки маълумотҳои иловагӣ роҷеъ ба сафар ва санаи баргузории брифинг ба суроғаи почтаи электроние, ки аз ҷониби намояндагони ВАО пешниҳод мешавад, ирсол карда хоҳанд шуд.