Бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи 2020 ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёрии башардӯстона фиристода шуд.
Ёрии мазкур ба сокинони маҳалҳое пешбинӣ шудааст, ки аз шикастани сарбанди обанбори Сардобаи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон осеб дидаанд.
Бори башардӯстонае, ки ба кишвари ҳамсоя интиқол ёфт, аз 51 қатораи боркаш иборат буда, онро асосан масолеҳи сохтмонӣ ташкил медиҳад.