19 июни 2020 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшитаро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар бораи мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт. Ҳангоми суҳбат инчунин ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири Covid-19 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кумакҳои Ҷопон барои соҳаҳои зерсохторӣ, тандурустӣ, беҳдошт, некӯаҳволии ҷомеа, омӯзиш ва рушди малака дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) изҳори сипос намуд.
Қайд гардид, ки таълим ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки стратегӣ дар Тоҷикистон мебошанд. Мутахассисони кишвари мо дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Ҷопон таҳсил мекунанд. Дар ин замина, лоиҳаи Стипендияи рушди захираҳои инсонӣ аз ҷониби Барномаи кумаки Япония (JDS) тавассути рушди нерӯи мутахассисони ҷавон дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва менеҷмент саҳми арзанда гузошта истодааст. Ҳамзамон зикр гардид, ки фаъолияти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар иқтисодиёт ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.
Дар анҷоми мулоқот маросими имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба расонидани кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҷопон ба Тоҷикистон барои мубориза бо бемории ҳамагири Covid-19 дар чаҳорчӯби “Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ” баргузор гардид. Ёддоштҳои табодулиро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита имзо намуданд.