25 июни 2020 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тоҷибоевро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистонро дар самти дуҷониба ва дар чаҳорчӯби СММ, СҲШ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд.