17 майи 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Ашита Митталро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкории тарафайнро дар чаҳорчӯби барномаву лоиҳаҳои мухталифи созмони мазкур дар самти пешгирӣ ва мубориза бо маводди мухаддиру ҷинояткорӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
