Муовини вазир нусхаи эътимодномаи Сафири Лаҳистонро пазируфт

10.06.2021 17:46

10 июни 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Лаҳистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Грукро қабул кард.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши  ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва гуманитарию фарҳангӣ иброз намуданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Сафири Лаҳистонро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.

20210610-103348.jpg

Нигористон

Тақвим