16 июни 2021 бо ташаббуси ҷониби ҷопонӣ 14-умин нишасти масъулони аршади Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон” дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли маҷозӣ барпо шуд. Кишвари моро Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Хусрав Нозирӣ намояндагӣ кард.
Дар нишасти мазкур пешнависи барнома ва рӯзномаи Ҷаласаи ҳаштуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколама, ки баргузории он давоми соли ҷорӣ дар Токио дар назар аст, баррасӣ шуд.

