Мулоқоти муштараки фосилавӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Австрия

31.08.2021 10:46

30 августи 2021 мулоқоти муштараки фосилавӣ миёни мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид.

Дар он нишаст ҳамчунин намояндагони воломақоми ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Юнон ва Подшоҳии Дания низ иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон намояндагӣ кард.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъ дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мақсади   таъмини амнияти минтақавӣ изҳори омодагӣ карданд.

IMG-4452-update.jpg

 

Нигористон

Тақвим