Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон шумораи вежаи маҷаллаи “Business Central Asia” ба нашр расида, байни хонандагони сершумори он паҳн гардид.
Дар шумораи вежа мақолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ», паёми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва инчунин маълумот доир ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ва чорабиниҳои сиёсии байналмилалӣ, ки тайи соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардиданд, ҷой дода шудааст.
Инчунин дар маҷалла мақолаҳои алоҳида доир ба иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи мудирияти захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо, робитаҳои дуҷониба байни кишварҳои ба ҳам бародари Тоҷикистону Ҳиндустон ҷой карда шудааст. Фасли иқтисоду рушди маҷалла ба дастовардҳо ва имкониятҳои соҳаҳои саноат ва саёҳати Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар бахши фарҳанги маҷалла мақолаи бахшида ба ҳаёту фаъолияти шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки ҷиҳати тақвияти пайвандаҳои адабию фарҳангии ду кишвар саҳми бузург гузоштааст, ҷой дода шудааст.
Маҷалла бо мақолаҳо ва аксу маълумот доир ба ҷашнҳои миллӣ - Наврӯз, Сада ва Меҳргон, муаррификунандаи фарҳанги ғании миллӣ ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом меёбад.
Шакли электронии маҷалла дар ин пайванд дастрас аст.