2 сентябри 2021 суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Доминик Рааб баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти таҳкими сарҳад ва тағйирёбии иқлим гуфтугӯи судманд намуданд.
Дар ҷараёни тамос ба мушкилоти Афғонистон ва рушди кунунии вазъи буҳронии ин кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.