7 сентябри 2021 мусоҳибаи махсуси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо хабарнигори Агентии давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Туркия «Анадолу» Меҳмет Шаҳ Йилмаз баргузор гардид.
Мусоҳибаи мазкур ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим шуда, дар он оид ба ҷоннисориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими истиқлоли давлатӣ, эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, узвияти кишвар дар созмону ташкилотҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамзамон ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ маълумот дода шудааст.
Дар охири мусоҳиба дар бораи муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия иттилоъ дода шуда, роҷеъ ба ҳадафу дурнамои ҳамкориҳо изҳори назар гардидааст.