12-14 октябри 2021 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса ба нақша гирифта шудааст.
Ҳангоми сафари мазкур вохӯриҳо дар сатҳи олӣ дар назаранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои таърихии “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии “Гиме”-и Париж ва чорабинӣ бахшида ба Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари ЮНЕСКО ширкат хоҳанд варзид.