15 октябри 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ҳайати ширкатҳои “Abu Dhabi Ports” ва “Talc Investment”-и Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, ки барои иштирок дар Анҷумани байналмилалии соҳибкории “Душанбе-Инвест 2021” даъват шудаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни бахши хусусии ду кишвар бо дарназардошти имкониятҳои фаровони мутақобилаи истифоданашуда табодули афкор намуданд.