Муовини вазир нусхаи эътимодномаи Сафири Подшоҳии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро пазируфт

15.10.2021 17:00

15 октябри соли 2021 Сафири навтаъйини фавқулодда ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тим Ҷонс нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи  ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу  иқтисодӣ ва гуманитарӣ иброз намуданд.

Ҳамсуҳбатон ҳамчунин мушорикат дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла тадорукот ба Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим COP26 ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайнро баррасӣ карданд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолиро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кард.

IMG-7326.jpg

IMG-7328.jpg

IMG-7333.jpg

 

Нигористон

Тақвим