15 октябри 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо ноиби роҳбари ширкати “Serba Dinamik” Муҳаммад Нуразмӣ мулоқот кард.
Дар мулоқот ҷонибҳо пиромуни масъалаҳои густариши робитаҳои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои рақамисозӣ, навоварӣ, рушди фанноварии муосир, кашфиётҳои нави самараноки фаннӣ, инчунин самтҳои эҳтимоли ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо ширкати малайзӣ табодули афкор намуданд.