12-19 октябри соли 2021 дар шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.
Дар рафти музокирот корҳои аломатгузорӣ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардиданд.
Зимни вохӯрӣ ҳуҷҷатгузории техникии демаркатсияи сарҳади давлати Тоҷикистону Ӯзбекистон тасдиқ карда шуд.
Дар доираи вохӯрӣ сафари муштараки саҳроӣ ба минтақаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат гирифт.
Вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.