Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон

27.10.2021 11:28

26 октябри соли 2021 дар Теҳрон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид.

Ҷонибҳо нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эронро дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳо зикр намуданд.

Ҳамчунин, роҷеъ ба баҳрабардорӣ аз пружаҳои муштарак ва истифодаи зарфиятҳои мавҷуда ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ табодули назар сурат гирифт.

Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар вазъи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, ташкили ҳукумати фарогирро дар ин кишвар ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иҷтимоиву сиёсӣ дар Афғонистон таъкид карданд.  

Лозим ба ёдоварист, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бино ба даъвати Вазири умури хориҷаи Эрон ҷиҳати ширкат дар Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон+Русия ба Теҳрон ташриф овардааст.

Нигористон

Тақвим