27 октябри соли 2021 дар Теҳрон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон+Русия бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон ва вазъият дар минтақа, аз ҷумла таҳаввулоти ахир дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.