Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Федератсияи Россия

30.10.2021 12:33

29 октябри 2021 суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия С.Лавров баргузор гардид.

Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, СААД ва СҲШ мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо бори дигар ҳавасмандиро барои тавсеаи баъдии ҳамкориҳо ва муносибатҳои шарикии стратегӣ байни кишварҳо иброз доштанд.  

MFA-Russia-30-10-21.jpg

 

Нигористон

Тақвим