29 майи соли 2015 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Шералӣ Ҷононов бо Вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 дар таърихи 9-11 июни соли 2015 дар Душанбе табодули назар намуданд.