Мулоқот бо Сафири Ҳиндустон

03.06.2015 09:10

2 июни соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситҳ Кумар Бҳаттачарҷӣ баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон ва самтҳои нави ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Табодули назар оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим