2 июни 2015 дар Қоҳира Вазири захираҳои об ва обёрии Миср Ҳусом Муғозӣ Сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои барқарорсозӣ ва густариши ҳамкории ду кишвар дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ва обёрӣ, аз ҷумла табодули таҷрибаи пешқадами Тоҷикистону Миср дар соҳаи мазкур баррасӣ гардиданд.
Вазири захираҳои оби Миср ибтикору иқдомҳои байналмилалии Тоҷикистон марбут ба мавзӯи обро сутуда, изҳори умедворӣ намуд, ки Конфронси оби Душанбе бомуваффақият баргузор хоҳад шуд. Аз сӯи дигар, вай изҳори умедворӣ кард, ки сафараш ба Тоҷикистон ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар низ мусоидат хоҳад кард.
Бояд ёдовар шуд, ки Ҳусом Муғозӣ ҳайати кишвари худро дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, ки дар Душанбе 9-11 июни 2015 мувофиқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ 69/215 баргузор мегардад, роҳбарӣ хоҳад кард.