Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2021 15:00

24 ноябри 2021 дар Вазорати корҳои хориҷӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар суханронии табрикӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки Парчами давлатӣ  яке аз рамзҳои муҳими истиқлолият ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари заминаҳои таърихӣ ва анъанаҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

“Аз ин рӯ, эҳтиром гузоштан ба Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеа маҳсуб мешавад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад”, - зикр намуд С. Муҳриддин.

Нигористон

Тақвим