Дар бораи баргузории Форуми ҳамкории "Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея" дар Душанбе

25.11.2021 10:36

Forum-Asia-Korea-2021-11-05-Finally.png30 ноябри 2021 дар Душанбе иҷлоси 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад.

Дар Форуми мазкур роҳбарони ҳайатҳо масъалаҳои ҳамкориҳои судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро бо дарназардошти паёмадҳои ҳамагирӣ, инчунин равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳониро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин иштирокдорон номзади Директори нави Котиботи Форумро тасдиқ намуда, Нақшаи кории Котиботро барои соли 2022 қабул менамоянд.

Дар интиҳои Форум Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Форум қабул мешавад.

Дар остонаи баргузории 14-ум Форуми ҳамкорӣ, 29 ноябри соли равон дар Душанбе бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея ва намояндагони бахши хусусӣ нахустин Анҷумани соҳибкорони «Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея» низ барпо мешавад, ки дар он ҳамкориҳои баъдии тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни доираҳои соҳибкорӣ дар самтҳои авлавиятнок баррасӣ мегиранд.

 


 

Нигористон

Тақвим