Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 37-уми COMCEC

25.11.2021 13:19

24 ноябри соли 2021 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумули Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шерализода Шараф, Муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ ва Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи 37-уми Кумитаи доимамалкунанда оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Созмони ҳамкориҳои исломӣ (COMCEC), ки дар шаҳри Истанбул барпо гардид, иштирок намуд.

Дар чаҳорчӯби ҷаласаи мазкур роҳбари ҳайати Тоҷикистон Муовини вазири корҳои хориҷӣ Шерализода Шараф суханронӣ намуд.

Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Туркия ва Вазири тиҷорат ва сайёҳии Ҷибутӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯриҳо ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои исломӣ табодули афкор намуданд.

COMCEC-1.jpeg

COMCEC-2.jpeg

Нигористон

Тақвим