Мулоқоти Муовини визири корҳои хориҷӣ бо иҷрокунандаи вазифаи мудири иҷроияи Котиботи Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея

27.11.2021 13:34

27 ноябри 2021 Муовини визири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим иҷрокунандаи вазифаи Мудири иҷроияи Котиботи Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея Ҷон Кук Лиро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои калидии тадорукотию мундариҷавии 14-ум Форуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон омодагӣ ба баргузории чор ҷаласаи ҳошиявии Форуми 14-ум дар Душанбе дар таърихи 30 ноябри 2021 оид ба тағйирёбии иқлим, энергетика, тандурустӣ ва технологияҳои рақамӣ мусбат арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин ҷонибҳо роҷеъ ба муносибатҳои дӯстии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ ишора карда, аз сатҳи ҳамкориҳои рушдёбанда изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Нигористон

Тақвим