Иштирок дар ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони ЭКО

28.11.2021 09:51

27 ноябри 2021 дар Ашқобод, Туркманистон ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирони Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид. 

Зимни ҷаласа вазирони корҳои хориҷии ЭКО масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳоро дар самтҳои афзалиятноки дар Дурнамои ЭКО 2025 пешбинишуда баррасӣ карданд. Бо эътирофи фаъолияти ЭКО ва саҳми он дар рушди минтақа, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узв изҳор доштанд, ки барои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои ЭКО дастгирии доимии худро идома хоҳанд дод.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласа саҳми ЭКО дар тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳо барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва беҳбудии иҷтимоӣ дар минтақаро таъкид кард. Ӯ қайд кард, ки сарфи назар аз мушкилоте, ки дар назди созмон истодаанд, пешравии назаррас дар ин соҳаҳо ба даст оварда шудааст. Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин ибрози назар кард, ки танҳо иқдомҳои муштарак ва ҳамоҳангшуда метавонад барои рафъи ин мушкилот мусоидат намоянд.

С. Муҳриддин ҳамчунин гуфт, ки қарорҳои дар ҷаласаи 25-уми Шӯрои вазирон қабулшуда ва дастурҳое, ки дар нишасти 15-уми Саммити ЭКО дар Ашқобод дода мешаванд, бояд ба ҳамкориҳо дар ҳама шаш самти афзалиятноки Созмон такони нав бахшида, самаранокии Созмонро тақвият диҳанд, ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии саъю талошро барои ноил шудан ба мақсадҳои муштарак ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва эхтимолӣ вусъат бахшанд.

 

Нигористон

Тақвим