18 декабри 2021, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон аз Маҷмааи ёдгории Раҷгҳат боздид намуда, ба ёдбуди Маҳатма Гандӣ арзи эҳтиром иброз намуд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин дар китоби меҳмонони фахрӣ аз ташрифи худ дастхат ва соядаст гузошт.