Вохурии Сафир бо Вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия

13.01.2022 09:00

12 январи соли 2022 вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия А. Гулов бо Вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Меҳмет Эрсой баргузор гардид.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба корбариҳо дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Комиссияи муштараки соҳаи сайёҳии Тоҷикистону Туркия ибрози назар намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади васеъ муаррифӣ намудани иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шурӯъ аз 1 январи соли 2022 ҷорӣ гардидани низоми бидуни раводид ворид шудани шаҳрвандони Туркия ба Тоҷикистон Сафорат ҷиҳати ташкил ва баргузории Форуми сайёҳии ду кишвар дар яке аз шаҳрҳои Туркия, корбарӣ намуда истодааст.

Инчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг байни ду кишвар чорабиниҳо ва конфронсу нишастҳои дахлдор, аз ҷумла рузҳои фарҳангӣ ташкил ва баргузор менамоянд.

WhatsApp-Image-2022-01-12-at-17-09-24.jpeg

WhatsApp-Image-2022-01-12-at-17-09-24-1.jpeg

 

 

 

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим