Мулоқот бо Вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии АМА

19.01.2022 11:32

18 январи соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Баҳодур Шарифӣ бо Вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии АМА Абдурраҳмон Абдулманнон ал-Ур баргузор гардид.

Зимни вохурӣ масоили марбут ба ҳамкориҳо миёни Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии АМА, инчунин татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти қувваи корӣ аз 16 апрели соли 2018 баррасӣ гардид.

399A7676.jpg

399A7677.jpg

 

Нигористон

Тақвим