19 январи 2022 дар шаҳри Одесса мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Раиси вилояти Одессаи Украина Сергей Гриневетский доир гардид.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украинаро дар соҳаҳои иқтисоду савдо, саноат, энергетика, нақлиёту транзит, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо байни минтақаҳои Тоҷикистону Украина, баргузор намудани форуми соҳибкорони ҳарду кишвар ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.